ИБОРАҲОИ МАСДАРӢ ВА СИФАТИ ФЕЪЛӢ МУРОДИФИ ҶУМЛАҲОИ ПАЙРАВИ МУБТАДО

Authors

  • Ибодова Замира Шухратовна Author

Abstract

Дар  грамматика калимаҳо ва ҷумлаҳо ба худ муродифҳои   лексикӣ  дар  забони  тоҷикӣ  то андозае тадқиқ  шуда бошанд ҳам муродифҳои  синтаксисӣ   ҳоло  мавриди  тадқиқи  ҳартарафа  қарор нагирифтаанд.  Ба  ҳар  навъ, муҳаққиқони  соҳаи  муродифҳо тасдиқ  мекунанд, кӣ  дар  забон  барои  ифодаи  як  мафҳум  чандин  калима  ва  барои  ифодаи  як  маъно  роҳ  ва  воситаҳои  гуногун  мавҷуданд.  Воситаҳои  мухталифе,  ки  дар  забон  барои  ифодаи  як  мафҳум  ва  як  маъно  истифода  мешавад,  натиҷаи  инкишоф ва  такомулоти  тафаккур  ва  дар  айни  замон  забони  инсон  ба  шумор  мераванд.  Ин  ҳодиса,  яъне  муродифҳо  дар  забон  бо  таъсири  чандин  омили  инкишофи  қонунҳои  дохилӣ  ва  берунӣ,  яъне  таъсири  забонҳои  дигар  ба  амал  меояд.  ҳамчунин  таѓийрот  дар  сохти  грамматикии  забон,  аз  ҷумла  дар  синтаксис  комёбӣ  ва  муваффақияти  тафаккури  инсонро  роҷеъ  ба  дарк  ва  барқарор  намудани  робита ва муносибати байни  предмету  ҳодисаҳои  олами  воқеӣ  муайян  мекунанд.[1]

 

[1]В. А.  Сухотин.  Синтаксисическая  синонимика  в  совр.  литературном  языке.  М.  стр.  156.

References

1. Воҳидов А. Бо сухан ҷаҳоне биорост… . - Самарқанд, 2011

2. Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик, қ.2. - Душанбе: Дониш, 1985

3. Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик, қ.3. - Душанбе: Дониш, 1989

4. Кабиров М., Воњидов А. Забони адабии ҳозираи тоҷик, Самарқанд, 2010

5. Қосимова М.Н. Очеркҳо оид ба синтаксиси ҷумлаҳои соддаи насри асри Х1. - Душанбе: Ирфон, 2006

6. Маъсумӣ Н. Очеркҳо оид ба инкишофи забони адабии тоҷик. -Душанбе, 2013.

Downloads

Published

2026-09-10

Issue

Section

Articles